- гиребон
- [گريبان]он қисми либос, ки аз сари сина сар шуда, атрофи гарданро фаро мегирад, яқа, яха; гиребон даридан (пора кардан, чок намудан) ба дод омадан, изҳори бетоқатӣ кардан (дар марги касе ё аз афсӯсу пушаймонӣ); гиребони худро гирифтан (доштан) ба аломати ҳайронӣ аз гиребони либоси худ доштан, изҳори ҳайрат кардан, ҳайрон шудан; гиребони худро халос (раҳо) кардан худро аз қайде раҳо кардан, аз чанги касе озод шудан; аз гиребони касе гирифтан ба касе дарафтодан; ба касе даъво кардан, муддаӣ шудан; аз як гиребон сар баровардан (кашидан) муттаҳид шудан, ҳамфикру ҳамақида шудан дар иҷрои коре; ба гиребони касе часпидан даъвогар шудан аз касе◊ даст ба гиребон шудан ба касе дарафтодан; дар ҷангу ҷидол будан; аввал гиребони худро бӯй кун! аввал айб ва камбудии худро бидон (баъд ба дигарон айб гир)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.